News of the Ministry



Ҷаласаи якуми зеркумитаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо мақсади густариши ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо рӯзи 20 феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми зеркумитаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар зеркумитаи қайдгардида Завқизода Завқӣ Амин – Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Френк Ҳесс – муовини сардори бахши ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо роҳбарӣ намуданд.

Ҷаласаи мазкур дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардида, дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо муҳокима гардиданд.

Қайд гардид, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи санадҳои ҳамкории имзошуда ва Барномаи нишондиҳандаҳои бисёрсола барои солҳои 2014-2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани 251 млн. евро барои маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва рушди деҳот пешбинӣ шудааст.

Дар рафти ҷаласа масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бознигарии Барномаи нишондиҳандаҳои бисёрсола барои солҳои 2014-2020, беҳтар намудани самаранокии татбиқи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли масъалаҳои рушди ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное