Economic news

Error
  • JUser: :_load: Unable to load user with ID: 51


Оғози сохтмони корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

 

Охири ҳамин сол дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Данғара» сохтмони корхонаи коркарди нафт бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн. тонна дар як сол оғоз мегардад, ки пас аз ду соли оғози сохтмон мавриди истифода қарор мегирад.

Муассисони корхонаи мазкур корхонаи муштараки «ТК-oil»-и Тоҷикистону Чин, таъсисёфта аз ҷониби ширкати тоҷикистонии ҶСП «Ҳасан ва Ко» ва ширкати Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd.-и Чин мебошанд. Дар марҳилаи аввал корхона – 300 ҳазор , марҳилаи дуюм – 800 ҳазор ва марҳилаи сеюм – 1,2 млн. тонна нафти хомро коркард намуда, айни замон сармоягузорон ба оғози сохтмон омодагӣ мегиранд.

 

Барои корхона дар МОИ «Данғара» қитъаи замин ҷудо гардид. Таҷҳизоти корхона истеҳсоли Чин ва ашёи хом воридотӣ ва маҳаллӣ хоҳад буд. Ҳиссаи ҷонибҳо ба таври зайл тақсим шудааст: 10% ба ҷониби Тоҷикистон ва 90%-и боқимонда ба ҷониби Чин тааллуқ дорад». Айни замон ширкати «Ҳасан ва Ко» дар ноҳияи Балҷувон машғули кор буда, аз соли 1995 дар кони «Бештентоқ» нафт коркард мекунад. Ин ягона корхонаи коркарди нафт дар ҷануби ҷумҳурӣ буда, иқтидори солонааш ба коркарди 12 ҳазор тонна нафт баробар аст.

Қобили зикр аст, ки сол то сол талаботи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ меафзояд. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди кишвар, имрӯз талаботи Тоҷикистон ба ин маҳсулот 1,5 млн. тонна дар як солро ташкил медиҳад. Айни замон Тоҷикистон комилан ба воридоти сӯзишворӣ аз хориҷи кишвар вобаста аст. Сӯзишворие, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, ҳамагӣ 2% аз ҳаҷми талаботи умумиро ташкил медиҳад.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное