Войти  \/ 

Авторизация

Архивные новости


Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 ВАЗОРАТИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДО БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ 
МАЪМУРИИ ХИДМАТИ ДАВЛАТӢ  ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

 

Мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

Маоши вазифавӣ бо (сомонӣ)

  1.  

сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ

2082,10

  1.  

cардори Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ

2082,10

  1.  

муовини сардори Раёсати корҳо

1710,80

  1.  

сардори Шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи наздики Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ

1400,60

  1.  

сармутахассиси Раёсати дурнамои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ

1040,00 

 

  1.  

cармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт

1040,00

  1.  

сармутахассиси Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ

1040,00

  1.  

сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ (2 ҷои холӣ)

1040,00

      1.

сармутахассиси Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамаркази Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо

        1040,00

 

  1.  

сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо

 1040,00

 

      1.

сармутахассиси Шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи наздики Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ

 1040,00

      1.

мутахассиси пешбари Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт

847,60

      1.

мутахассиси пешбари Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо

847,60

      1. 

мутахассиси Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ

696,80

      1.

мутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт

696,80

      1. мутахассиси Шуъбаи протокол ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Раёсати котибот          696,80

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои 
холии маъмурии хизмати давлатӣ

  1.  Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи якум (сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ):

 - маълумоти олии иқтисодчӣ;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи истифодабарии техника ва технологияҳои муосир, аз ҷумла донистани барномаҳои компютерӣ ва моделсозии макроиқтисодӣ;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- собиқаи корӣ дар таҳияи дурнамоҳои макроиқтисодӣ ва донистани методҳои моделсозии иқтисодӣ-математикӣ;

 -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

 -малакаи кор  бо компютер.

  2. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи якум (сардори Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ):

- маълумоти олии иқтисодӣ; 

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- собиқаи корӣ дар таҳияи дурнамоҳои макроиқтисодӣ ва донистани методҳои моделсозии иқтисодӣ-математикӣ;

- собиқаи роҳбарӣ, малакаи банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъон;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

 - малакаи кор  бо компютер.

   3. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи дуюм (муовини сардори Раёсати корҳо):

 - маълумоти олии касбии сохтмонӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва ё гуманитарӣ; 

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос;

- малакаи истифодабарии таҷҳизоти техникӣ, воситаҳои нақлиёт ва донистани талаботи техникаи бехатарӣ;

- собиқаи роҳбарӣ, малакаи банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъон;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

- малакаи кор  бо компютер.

    4. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи сеюм (сардори Шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи наздики Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ):

- маълумоти олии иқтисоди/муносибатҳои байналмиллалӣ/ҷаҳонӣ ё гуманитарӣ (ҳуқуқшиносӣ, забоншиносӣ, сиёсатшиносӣ) ва ё иқтисодӣ;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- собиқаи роҳбарӣ, малакаи банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеъон;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

- малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ.

 5. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи панҷум (сармутахассиси Раёсати дурнамои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ):

- маълумоти олии иқтисодӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- собиқаи корӣ дар таҳияи дурнамоҳои макроиқтисодӣ ва донистани методҳои моделсозии иқтисодӣ-математикӣ;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

- малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ.

   6. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи панҷум (сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт):

 - маълумоти олии иқтисодӣ ва ё техникӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- доштани таҷрибаи корӣ дар таҳияи дурнамоҳои макроиқтисодӣ ва донистани методҳои моделсозии иқтисодӣ-математикӣ;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

- малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ.

  7. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи панҷум (сармутахассиси Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ):

- маълумоти олии иқтисодӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

- малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ.

8. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи панҷум (сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ):

- маълумоти олии иқтисоди/муносибатҳои байналмиллалӣ/ҷаҳонӣ ё гуманитарӣ (ҳуқуқшиносӣ, забоншиносӣ, сиёсатшиносӣ) ва ё иқтисодӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

- малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ.

9. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи панҷум (сармутахассиси Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамаркази Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо):

- маълумоти олии иқтисодӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

- малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ.

10. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи панҷум (сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо):

 

- маълумоти олии иқтисодӣ;

 

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

 

- малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ.

11. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи панҷум (сармутахассиси Шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи наздики Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ):

 - маълумоти олии иқтисоди/муносибатҳои байналмиллалӣ/ҷаҳонӣ ё гуманитарӣ (ҳуқуқшиносӣ, забоншиносӣ, сиёсатшиносӣ) ва ё иқтисодӣ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

- малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ.

12. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи шашум (мутахассиси пешбари Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт):

- маълумоти олии иқтисодӣ ва ё техникӣ;

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

- малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ.

13. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи шашум (мутахассиси пешбари Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо):

- маълумоти иқтисодӣ;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

- малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ.

14. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи ҳафтум (мутахассиси Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ):

- маълумоти олии иқтисодӣ;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

- малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ.

15. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи ҳафтум (мутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт):

- маълумоти олии иқтисодӣ ё техникӣ;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

- малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ.

16. Барои ишғолкунандаи мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи ҳафтум (мутахассиси Шуъбаи протокол ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Раёсати котибот):

- маълумоти олии гуманитарӣ ё иқтисодӣ;

- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷии дигар афзалият дорад);

- малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ.

Эзоҳ: аз ҳамаи довталабони мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ талаботи зерин тақозо мешавад:

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии довталабро ба танзим медароранд;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати иқтисодии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират бо ҷомеа/шаҳрвандон, бахусус ҳангоми ҳимояи манфиатҳои давлатӣ.

                                                   Талабот ба довталабон    

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ҷузъгир (скоросшиватель);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- 2 дона акси андозаи 4х6;

-тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи шиноснома;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи шаҳодатномаи никоҳ (барои шахсони оиладор);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ ё нусхаи маълумотномаи бақайдгирии ӯҳдадории ҳарбӣ;

- маълумотномаоид ба вазъи саломатии шакли 086;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (барои хизматчиёни давлатӣ).

Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кадрхо ва бахши махсус, ҳуҷраи 112, телефон: 221-34-38, почтаи электронӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. .  Ҳуҷҷатҳои довталабон то 4 октябри соли 2017, соати 16.00 қабул карда мешаванд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное