Новости Министерства

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҳамраъйӣ бо Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорат баргузор гардид. 

Чорабиниро Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод оғоз намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки бо ташаббуси вакилони мардумӣ дар асоси дархости шаҳрвандони мамлакат пешниҳод гардид, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун вазорати калидие, ки дар сохтори Ҳукумати ҷумҳурӣ нақши муассир дорад, бо баргузор намудани чунин ҷамъомад дастгирии худро аз қабул шудани қонуни мазкур баён медорад. Зеро, Ҷаноби Олӣ дар марҳилаи сахту сарнавиштсоз тавонистанд, ки кишварро аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ бахшанд, миллатро сарҷамъу сулҳу суботро дар кишвар барқарор намоянд. Ин ҳақиқатро на танҳо мардуми кишвар, балки онҳое, ки худро мухолифини қабули қонуни мазкур меҳисобанд, иқрор мебошанд. Хизматҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро барои пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ваҳдату ягонагии миллати тоҷик метавон ба хидматҳои Камол Отатурк дар Туркия, Шарл де Голл дар Фаронса, Мао Тсзедун дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷорҷ Вашингтон дар ИМА баробар намуд,- афзуд дар идомаи суханрониаш Умед Давлатзод.

Ҳамзамон, мавсуф фикру ақидаҳои хешро дар бораи ҷанбаҳои дигари эътироф намудани Ҷаноби Олӣ ба ҳайси Пешвои миллат баён намуд. Дар давоми чорабинӣ кормандони Вазорат, аз ҷумла, муовини Вазир - Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини Раиси ташкилоти ибтидоии «Иқтисодчӣ» ҲХДТ - Аскар Нурализода, сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ – Таваккал Маликов, аъзои Шӯрои бонувон – Нурия Раҷабова, Раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба – Муллохол Исмоилов баромад карда, ҷонибдории худро аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» изҳор доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное