Январ 2014

31 Январ 2014

Мулоқоти Умед Давлатзод бо Дидйе Леруа

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазир, Умед Давлатзод бо сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Леруа доир гардид.

Читать далее

30 Январ 2014

Бунёди дидбонгоҳ дар МОИ «Панҷ»

 29 январи соли ҷорӣ бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода, роҳбарияти Хадамоти гумруки мамлакат ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Гузаргоҳи гумрукӣ дар Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» воқеъ дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангир ба истифода дода шуд. 

Читать далее

24 Январ 2014

Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ

   Имрӯзҳо дар шаҳри Давоси Швейтсария Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ ба кори худ идома медиҳад. Дар кори он бештар аз 2,5 ҳазор сиёсатмадор ва тоҷир ширкат меварзанд.

   Иштирокдорони чорабинии мазкур дар қатори дигар масъалаҳои муҳим, ҳамчунин масоили амнияти амиқи энергетикӣ ва рушди амиқ, таъсири инноватсия, мубориза алайҳи бекории ҷавонон, ҳамчунин рушди иқтисодиёти БРИКС (Бразилия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Русия) ва давлатҳои G20-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

   Дар назар аст, ки Форуми 44-уми умумиҷаҳонии иқтисодӣ 25 январи соли ҷорӣ кори худро ба анҷом расонад.

Читать далее

24 Январ 2014

Муомилот ба арзиши 1 миллиард доллар

   Русия мақсад дорад, ки ба истихроҷи кони газ дар соҳилҳои минтақаи Ғазза шуруъ намояд. Байни мақомоти дахлдори Федератсияи Русия ва Маъмурияти миллии Фаластин ҷиҳати бастани чунин шартнома ба арзиши 1 млрд. доллар гуфтушунид баргузор гардид.
  Роҳбари Маъмурияти миллии Фаластин Маҳмуд Аббос ва Сарвазири Русия Дмитрий Медведев созишномаи байниҳукуматиеро имзо хоҳанд кард, ки дар он ҳамчунин лоиҳаи истихроҷи гази табииро дар қитъаи тунукоби баҳри Миёназамин дар назар дорад.
   Маҳмуд Аббос Русияро даъват намуд, ки дар раванди сулҳи Шарқи Наздик нақши марказиро бозад. Ҳангоме ки дар Русия музокирот идома дошт, Сарвазири Исроил Б.Нетаняҳу дар Форуми умумиҷаҳонии Давос омодагии хешро ҷиҳати бастани созишномаи сулҳ бо фаластиниҳо иброз дошт. Ҳамин тавр, Русия тавассути муомилоти газ метавонад кафолати сулҳи деринтизор дар минтақа гардад.
   Созишнома ба ширкати «Газпром» имконият медиҳад, ки ба истихроҷи кони Marine дар соҳилҳои минтақаи Ғазза шуруъ намояд. Тибқи пешгӯиҳо кони мазкур 30 млрд. метри кубӣ газро доро мебошад. Тунукоби мазкур бо ҳамроҳии минтақаи Ғазза пас аз ҷанги соли 1967 ба ҳайати Фаластин шомил карда шуд.
   Корҳои иктишофие, ки ширкати British Gas ҳанӯз соли 2000-ум дар манотиқи Gaza Marine-1 ва Gaza Marine-2 анҷом дода буд, нишон дод, ки кони мазкур қариб 30 млрд. метри кубӣ газ дорад, аммо истихроҷи газ бо сабабҳои нооромии вазъият дар минтақа мавқуф гузошта шуд.
   Лоиҳаи Gaza Marine-1 ба маблағи 1 млрд. доллар баҳогузорӣ мешавад ва дар назар аст, ки истеҳсоли газ пас аз 3-4 сол оғоз ёбад.

Читать далее

22 Январ 2014

Муколамаи соҳибкорони Тоҷикистону Русия

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ муколамаи соҳибкорони ҳарду мамлакат баргузор гардид, ки дар ҷараёни он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Г.Бозорова, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноат Л.П.Кислякова, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд.

Читать далее

17 Январ 2014

Россия азм дорад нафти Эронро харидорӣ намояд

   Россия ва Эрон гуфтушунидро оид ба интиқоли нафт ба ивази маҳсулот фаъол намуда, ки ин боиси эътирози ИМА гардид. Ҳукуматдорони Амрико хавф доранд, ки ин муомилот ва ҷараёни гуфтушунид оид ба масъалаи яроқи ҳастаии Эрон таъсири манфӣ мерасонад.

   Қаблан Агентии иттилооти Reuters бо истинод ба манбаъҳои роҳбарияти Россия ва Эрон дар бораи ин муомилот, ки 1,5 млрд. доллар баҳогузорӣ мешавад иттилоъ дода буд. Тибқи ҳисоби коршиносони Амрикоӣ муомилоти мазкур имконият медиҳад, ки Эрон содироти нафтро 50% афзун намуда, аз ин амал ба маблағи 1,5 млрд. доллар дар як моҳ даромад ба даст овард.

    Мутобиқи ахбори расида Эрон интиқоли нафтро ба Федератсияи Россия (то 500 000 баррел дар як рӯз) анҷом дода бар ивазаш маҳсулот ва таҷҳизоти Россияро харидорӣ намояд.

 

Читать далее

14 Январ 2014

Мулоқот бо намояндагони Конфедератсия «TUSKON»

14 январи соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Муовини Вазир, Умед Давлатзод бо гуруҳи соҳибкорони аъзои Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия «TUSKON», ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Читать далее

10 Январ 2014

Деловая активность в еврозоне выросла

Сводный индекс менеджеров закупок (PMI) еврозоны в декабре 2013 года вырос до 52,1 пункта с 51,7 пункта месяцем ранее, свидетельствуют окончательные данные исследовательской организации Markit Economics.

Окончательная оценка показателя совпала с предварительной. Аналитики, опрошенные агентством Bloomberg, не ожидали пересмотра значения индикатора.

Значение индикатора выше 50 пунктов говорит о повышении активности в экономике, ниже этого уровня - о ее снижении. Сводный PMI еврозоны находится выше уровня в 50 пунктов шестой месяц подряд, и в декабре темпы роста снова начали ускоряться.

Читать далее

Рост ВВП РФ в 2014 г не превысит 2%

Основатель Комитета гражданских инициатив, экс-глава Минфина РФ Алексей Кудрин ожидает, что рост экономики в 2014 году вряд ли превысит 2%, но и это станет достижением на фоне стагнации текущего года.

"Я думаю, будет около 2%, но с вероятностью, что ниже", - сказал он на пресс-конференции в РИА Новости. Официальный прогноз Минэкономразвития на 2014 год - 2,5%.

По оценке Кудрина, текущий и будущий год станут "самыми плохими" с 2000 года, не считая кризисных. Это обусловлено тем, что старая модель экономики себя изжила, а новая еще не заработала.

"Пока мы находимся в стагнации, к сожалению, это реальность. Я не вижу, что правительство предпринимает решительные меры... Мы видим, что эти два года потеряны", - отметил он.

Кудрин напомнил, что в текущем году рост ВВП составит 1,4%, максимум 1,5%, причем во втором полугодии динамика замедлилась до 1,3-1,4%, что говорит о том, что стагнация, скорее всего, продолжится и в 2014 году.

При этом инфляция в 2014 году, по мнению экс-главы Минфина, скорее всего, не выйдет за рамки прогноза (4,5-5,5%) из-за снижения спроса.

Читать далее

Ҷаласаи васеи ҳайати мушовара

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорат ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014 баргузор гардид. Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин намояндагони тиҷоратии ҶТ дар кишварҳои хориҷӣ ва сарварони муассисаҳои тобеи Вазорат ширкат варзиданд.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное