Сентябр 2018
27 Сентябр 2018
Шоми дӯстӣ бо иштироки сарони давлатҳои иштирокчии ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ
- Подробности статьи
Шоми имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ Шоми дӯстӣ ташкил карда шуд.
Читать далееИфтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
Субҳи рӯзи 27-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Читать далееМулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
- Подробности статьи
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Читать далееИстиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
- Подробности статьи
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Читать далееМулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон
- Подробности статьи
27 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот карданд.
Читать далееИфтитоҳи Боғи ба номи Аҳмади Дониш дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
Шоми рӯзи 26 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи ба номи Аҳмади Дониш, ки дар муддати камтар аз як сол дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯи Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебо бунёд карда шудааст, иштирок намуданд.
Читать далееИфтитоҳи Толори қабули меҳмонони расмӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”
- Подробности статьи
26 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Толори қабули меҳмонони расмии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо ифтитоҳ карданд.
Читать далее26 Сентябр 2018
Мулоқот бо Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев
- Подробности статьи
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфтанд.
Читать далееМуаррифии соҳаҳои иқтисодиёт ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7-умин Мизи мудаввари Хитой
- Подробности статьи
Рӯзи 26 сентябри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон “7-умин Мизи мудаввари Хитой” баргузор гардид, ки дар кори он мавқеи кишварро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин муаррифиӣ намуд.
Читать далееМулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҷаноби Питер Фернандис Кардӣ.
- Подробности статьи
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сардори дафтари Вазорати рушди Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ (DFID)- Питер Фернандис Кардӣ, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
Читать далее