15 Октябр 2018
Иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 таҳти унвони ”Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ”
- Подробности статьи
Имрӯз, 15 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди ҷашни “Рӯзи соҳибкорон” таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор гардид.
Читать далееОғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
13 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.
Читать далееМулоқот бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян
- Подробности статьи
13 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсянро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Читать далееМулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай
- Подробности статьи
12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯро ва сохторҳои доимамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.
Читать далее