23 Феврал 2019

Ташаббуси кишварҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба андешидани чораҳои ҷавобӣ нисбат ба амалҳои ИМА дар самти ҷорӣ намудани боҷҳои гумрукӣ

 

 

 

Намояндаи Ҳукумати Олмон изҳор намуд, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар ҳамбастагӣ масъалаи андешидани чораҳои ҷавобиро нисбат ба амалҳои ИМА дар самти баланд бардоштани боҷҳо барои воридоти мошинҳои Олмон баррасӣ намуда истодаанд.

Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» ҷорӣ намудани боҷи воридотӣ аз ҷониби ИМА барои мошинҳои Олмон ба андозаи 25 фоиз дар давраи дарозмуддат ба коҳиш ёфтани 50 фоизи содироти мошинҳои истеҳсоли Олмон таъсир мерасонад.

Иттиҳоди Аврупо рӯйхати маҳсулоти истеҳсоли ИМА-ро барои ҷорӣ намудани боҷ омода намуда истодааст ва ҳангоми аз ҷониби ИМА пешбинӣ гардидани маҳдудиятҳо онро татбиқ менамояд.

 

 

 

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное