Феврал 2019

20 Феврал 2019

Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

20 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XIX Шӯро баргузор гардид.

Читать далее

15 Феврал 2019

Нишасти матбуотӣ дар Вазорат

 

15 феврали соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2018, нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 баргузор гардид.

Читать далее

14 Феврал 2019

Мулоқоти Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо

Рӯзи 11 феврали соли 2019 мулоқоти Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Ёсефсон ва ҳайати расмии Иттиҳоди Аврупо аз шаҳри Брюссел баргузор гардид.

Читать далее

13 Феврал 2019

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда шавад.
2. Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ҳайати комиссия оид ба баргузории озмун ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

Читать далее

11 Феврал 2019

Барномаҳои рушди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷоми барои солҳои 2015-2019

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Айнӣ барои солҳои 2016-2020

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Носири Хусрав барои солҳои 2015-2019  

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Варзоб барои солҳои 2016-2020   

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Истаравшан барои солҳои 2016-2020   

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2016-2020 

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Темурмалик барои солҳои 2016-2018    

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2016-2020

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бохтар барои солҳои 2016-2020   

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2016-2020   

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020   

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои солҳои 2016-2020 

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Сарбанд барои солҳои 2016-2020    

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шӯрообод барои солҳои 2016-2020   

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2016-2020   

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Фархор барои солҳои 2016-2020   

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2017-2020   

 

Рӯнамо дар мавзӯи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб» дар Форуми байналмилалии сармоягузории шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Сугд барои солҳои 2016-2020 

 

 

 

 

 

Читать далее

08 Феврал 2019

Профитсити тавозуни пардохти Ҷумҳурии Қазоқистон дар давоми шаш соли охир

Тибқи маълумоти Бонки миллии Қазоқистон профитсити ҳисобҳои ҷории тавозуни пардохти Қазоқистон 0,9 млрд. долларро ташкил кард, ки ин маротибаи якум аз соли 2014 то ин ҷониб мебошад.

Профитсити тавозуни пардохт аз ҳисоби рушди назарраси тавозуни савдо дар сатҳи 57,9 фоиз мушоҳида гардид, ки дар маҷмӯъ 27,4 млрд. долларро ташкил дод.

Дар натиҷаи шароити мусоиди нархи нафт дар ҷаҳон содироти мол 25,2 фоиз зиёд гардида, 61,9 млрд. долларро ташкил намуд. Содироти нафт ва конденсати газ (62,2 фоиз аз ҳаҷми умумии содирот) 42,2 фоиз зиёд гардида, воридоти мол 7,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 34,5 млрд. доллар баробар гардид.

Читать далее

Ҷумҳурии Белорус тарофаи интиқоли нафти Федератсияи Россияро баланд бардошт

Ҷумҳурии Белорус аз якуми феврал тарофаҳоро барои хизматрасонӣ оид ба интиқоли нафт тавассути қубурҳои газгузари худ баланд бардошт.

Вазорати танзими зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Белорус иттилоъ медиҳад, ки дар соли 2019 индекси тарофаҳо барои хизматрасонӣ оид ба интиқоли нафт тавассути қубурҳои магистралии воқеъ дар қаламрави ҷумҳурӣ 7,6 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи тартиб тарофаҳо дар асоси нишондиҳандаи миёнасолонаи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки бо параметрҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Федератсияи Россия дар сатҳи 3,0 фоиз тасдиқ гардидааст, тағйир меёбанд.

Читать далее

Афзоиши сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Туркия

Сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Туркия дар моҳи январ бо назардошти баландшавии босуръати нархи маҳсулоти хӯрокворӣ афзоиш ёфт.

Тибқи маълумоти Институти омори Туркия индекси нархҳои истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Туркия дар моҳи январ бо ҳисоби солона 20,4 фоиз зиёд гардид.

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Туркия бе назардошти нархи тилло, маҳсулоти хӯрокворӣ ва қувваи барқ 19,0 фоиз афзоиш ёфт.

Читать далее

Рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Федератсияи Россия

РИА Новости иттилоъ медиҳад, ки Сарвазири Федератсияи Россия дар форум оид ба «Масъалаҳои рақамикунонӣ 2.0» дар Алма-ато изҳор намуд, ки дар панҷ соли оянда ба Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ дар Россия 1,8 трлн. рубл ё тақрибан 30 млрд. доллар ҷудо карда мешавад.

Инчунин қайд кард, ки дар Россия барномаи рақамикунонӣ модели миллӣ ба ҳисоб рафта, қисми маблағҳо аз буҷаи федералӣ ва қисми дигар аз сарчашмаҳои ғайрибуҷавӣ сафарбар карда мешаванд.

Читать далее

Эҳтимолияти ба таназзул дучоршавии иқтисодиёти Ҷумҳурии Федеролии Олмон

Тибқи баҳодиҳии коршиносони Deutsche Bank иқтисодиёти Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар марзи таназзул қарор дорад.

Ҳукумати Олмон 30 январ дурнамои рушди иқтисодиёти кишварро аз нав таҷдиди назар намуда, баҳодиҳии онро дар соли 2019 нисбат ба баҳодиҳии қаблӣ аз 1,8 фоиз то 1,0 фоиз паст кард.

Коҳишёбии рушди иқтисодиёти Олмон аз ҳисоби индекси фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолии кишвар мушоҳида мегардад. Тибқи маълумоти ширкати тадқиқотии «IHS Markit» дар моҳи январ нишондиҳандаи мазкур то 49,7 банди фоизӣ кам гардид.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное