01 Апрел 2019

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли равған дар ҶДММ “25-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Спитамен

 

Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли равғанро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25-солагии Истиқлолият” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Читать далее

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен

 

Муҳтарам намояндагони сокинони ноҳияи Спитамен!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Спитамен ва шумо-ҳозирини арҷмандро ба муносибати ҷашни баҳор ва сари сол, ки чанд рӯз пеш дар диёри мо фаро расид, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандиву хонаи обод ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Читать далее

Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен

 

Дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти фарҳангӣ дорои шароити замонавӣ барои фаъолият буда, дар доираи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи фарҳанг бо мақсади ғанӣ намудани ҷаҳони маънавии аҳолӣ навсозӣ шудааст.  

Читать далее

Оғози кишти пахта дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд

 

Дар идомаи боздиди кориашон аз ноҳияи Спитамен, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои кишоварзии ҶДММ "Спитамен-текстайл"-и  Ҷамоати  деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ба кишти чигит оғоз бахшиданд.

Читать далее

Ифтитоҳи бинои нави китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқӣ дар ноҳияи Спитамен

 

Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Китобхона, осорхонаи “Курушкада”-и таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-ро, ки бо тарҳи хеле зебои муосир бунёд  гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Читать далее

Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Спитамен

 

 

 

 

 

Чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар маркази ноҳияи Спитамени вилояти Суғд низ майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бунёд гардид.

Дар расми ифтитоҳи рамзҳои давлатӣ дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное