Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо

   Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2018 ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда буд.

  Дар ин давра ба вазорат 7818 адад ҳуҷҷат, аз ҷумла 2171 адад аз Ҳукумати ҷумҳурӣ, 4790 адад аз вазорату идораҳо (аз ҷумла 324 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ), 130 адад аз муассисаҳои зертобеъ, 380 адад аз мамлакатҳои хориҷа ва ташкилотҳои байналмилалӣ, 176 адад ҳуҷҷати махфӣ, 31 адад аризаву муроҷиати шаҳрвандон ва 140 адад факс аз мақомоти давлатӣ ворид гардиданд.

   Бо назардошти талаботи ҳуҷҷатҳои воридшуда аз ҷониби вазорат 2915 адад мактуби ҷавобӣ (аз ҷумла 125 адад ҳуҷҷати махфӣ) ва таклифу пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ирсол карда шуд. Дар нимсолаи якуми соли 2018 вазорат 57 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намуд, ки аз онҳо 19 лоиҳа қабул гардида, 17 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 21 лоиҳа дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

     Инчунин 43 фармоиши вазорат оид ба фаъолияти асосӣ, аз ҷумла 11 фармоиши назоратӣ таҳия гардиданд, ки рафти иҷрои онҳо таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад.

    Дар нимсолаи якуми соли 2018 аз ҷониби вазорат бо мақсади иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017, №70-ф ҷиҳати таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

   Дар асоси фармоиши мазкур баҳодиҳии пешакии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макриқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва параметрҳои асосии дурнамо барои солҳои 2019-2021 бо назардошти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар соли 2017 ва вазъи ҷории иқтисодиёти кишварҳои минтақа таҳия карда шуда, барои корбарӣ ба Вазорати молия пешниҳод карда шуд.

   Инчунин номгӯи нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барои соли 2019 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2020-2021 муайян карда шуда, тавсияҳои методӣ ба вазорату идораҳо, корхонаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод гардид.

   Аз ҳисоби кормандони сохторҳои дахлдори вазорат гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар ин давра ба мутахассисони сохторҳои иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кумакҳои методӣ расонида шуд.

  Ҷиҳати баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла дурнамои рушди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2019 ва параметрҳои он барои солҳои 2020-2021 муҳокимаи нишондиҳандаҳои дурнамои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баргузор карда шуданд.

   Дар ин раванд лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барои соли 2019 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2020-2021» омода гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото» бо назардошти таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо такмил ва барои баррасии такрорӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардид. Ҳамзамон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №149 маъқул дониста шуда, аз ҷониби Маҷлиси намояндони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастгирӣ ёфт.

   Лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомномаи Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 июни соли 2018, №331 ба тасвиб расиданд.

   Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ»-ро омода намуд, ки дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.

   Аз ҷониби вазорат ҳармоҳа гузоришҳои таҳлилӣ оид ба вазъи нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ҳар ҳафта маълумотномаи ҳафтаинаи таҳлилӣ доир ба равандҳои глобалӣ дар иқтисодиёти минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи бозорҳои ҷаҳонии молиявию ашёӣ ва раванди иқтисодии кишварҳои рӯ ба тараққӣ омода гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда мешуданд.

  Вазорат тадбирҳои амалинамудаи вазорату идораҳои мутасаддиро вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2015, №50 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» дар нимсолаи якуми соли 2018 ҷамъбаст намуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Роҳбари зинаи аввали Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ пешниҳод намуд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное