Вазъи иқтисодиёти миллӣ дар соли 2018

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Дар соли 2018 новобаста аз таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳо дар иқтисоди ҷаҳон ва дигар мушкилоти мавҷуда ҳаҷми номиналии ММД то 68,8 млрд. сомонӣ афзоиш ёфта, рушди иқтисоди кишвар 107,3 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли гузашта 0,2 банди фоизӣ ва дурнамои Ҳукумати ҷумҳурӣ 0,3 банди фоизӣ, дурнамои ХБА 2,3 банди фоизӣ ва Бонки Осиёии Рушд 1,3 банди фоизӣ зиёд мебошад. Индекси дефлятори ММД дар давраи ҳисоботӣ 105 фоизро ташкил дод.

Рушди иқтисодиёти кишвар дар соли 2018 аз ҳисоби 11,8 фоиз афзоиши ёфтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва 4,0 фоиз маҳсулоти кишоварзӣ, 7,8 фоиз маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, 15,4 фоиз ҳаҷми умумии гардиши савдо ва 2,1 фоиз зиёд гардидани хизматрасонии пулакӣ таъмин гардид.

Дар соли 2018 дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ҳиссаи истеҳсоли молҳо 45,7 фоиз (47,4 фоиз дар соли 2017), хизматрасониҳо 43,7 фоиз (41,8 фоиз) ва андозҳо 10,6 фоиз (10,8 фоиз)-ро ташкил дод.

Аз нишондиҳандаҳо бармеояд, ки дар сохтори ММД ҳиссаи истеҳсоли молҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст, ки ин асосан аз ҳисоби кам гардидани ҳиссаи кишоварзӣ дар сохтори ММД ба андозаи 2,4 банди фоизӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳамзамон афзоиши ҳиссаи соҳаи саноат ба андозаи 0,3 банди фоизӣ ва ҳиссаи сохтмон 0,4 банди фоизӣ ба назар мерасад.

Дар давраи ҳисоботӣ афзоиши ҳиссаи хизматрасониҳо дар сохтори ММД нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 банди фоизиро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳиссаи арзиши изофа дар соҳаи савдо ба андозаи 1,9 банди фоизӣ зиёд гардидааст. Инчунин, дар сохтори ММД ҳиссаи андозҳо низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 банди фоизӣ кам гардидааст.

Дар соли 2018 воридоти андозҳои ғайримустақим, ки ба ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ саҳм мегузоранд 7455,8 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли гузашта 10,1 фоиз зиёд мебошад.

Бояд қайд кард, ки сатҳи таваррум дар соли 2018 (5,4 фоиз) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (6,7 фоиз) 1,3 банди фоизӣ паст аст. Сатҳи таваррум аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 5 фоиз, молҳои ғайриозуқа 6,4 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонӣ 4,9 фоиз ба миён омадааст.

Баландшавии нархи молҳои озуқаворӣ дар соли 2018 аз ҳисоби афзоиши нархи биринҷ 19,5 фоиз, орди навъи 1-ум 9,9 фоиз, гӯшти гов 8,9 фоиз, гӯшти гӯсфанд 8 фоиз, тухм 3,9 фоиз, шакар 2,7 фоиз, равғани офтобпараст 1,8 фоиз ва шир 1,3 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар баробари ин нархи сабзавот, аз ҷумла пиёз 56,7 фоиз ва картошка 37 фоиз дар алоҳидагӣ ва дар маҷмӯъ 10,7 фоиз паст гардид, ки бинобар сабаби ҳиссаи ками онҳо дар сабади истеъмолӣ ба сатҳи таваррум таъсири назаррас расонида наметавонанд.

Ба болоравии нархҳои молҳои ғайриозуқа дар соли 2018 асосан баланд шудани нархи бензин 18,4 фоиз, маводи доруворӣ 10,4 фоиз, гази моеъ 6,6 фоиз, маводҳои шустушӯӣ 6,3 фоиз ва либос 4,0 фоиз сабаб гардид.

Арзиши хизматрасониҳои пулакӣ асосан аз ҳисоби болоравии пардохти қувваи барқ 14,9 фоиз, арзиши хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ 2,9 фоиз (аз ҷумла ҳавоӣ 6,4 фоиз ва автомобилӣ 3,3 фоиз) ба амал омадааст.

Тибқи маълумоти Вазорати молия дар соли 2018 нақшаи қисми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар сатҳи 100,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 23,4 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 71,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Даромади Буҷети давлатӣ дар таносуб ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 34 фоизро ташкил менамояд.

Соҳаи саноати кишвар яке аз соҳаҳои муҳим ва пешбарандаи иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, дар соли 2018 ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронишуда ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд.

Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 23872,4 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 11,8 фоиз афзудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4685,9 млн. сомонӣ (бо ҳисоби воқеӣ 16,3 фоиз нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад), дар соҳаи саноати коркард ба 13502,8 сомонӣ (12,5 фоиз) ва истеҳсоли нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ ба 5683,7 млн. сомонӣ (7,8 фоиз) баробар гардид.

Дар соли 2018 дар соҳаи саноати коркард суръати рушди 13 зерсоҳа таъмин гардида, танҳо дар истеҳсоли нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (3,7% кам) коҳишёбӣ ба назар мерасад, ки ҳиссаи он дар соҳаи саноати коркард назаррас мебошад.

Дар соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз рӯи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 26370,3 млн. сомониро ташкил дод, ки суръати рушди он нисбат ба соли 2017-ум 4,0 фоиз афзоиш ёфт. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба соҳаи растанипарварӣ 18229,2 млн. сомонӣ ва ба соҳаи чорводорӣ 8141,1 млн. сомонӣ рост омода, суръати афзоиши онҳо мутаносибан 3,4 фоиз ва 5,3 фоизро ташкил дод.

Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2018 кишти барвақтӣ дар майдони 177,7 ҳазор гектар, кишти баҳорӣ дар майдони 570,7 ҳазор гектар ва кишти такрорӣ дар майдони 80,5 ҳазор гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2017 мутаносибан кишти баҳорӣ 0,2 фоиз, кишти такрорӣ 0,9 фоиз зиёд шуда, кишти барвақтӣ 12,1 фоиз коҳиш ёфтааст.Сабаби кам гардидани кишти барвақтӣ ин номусоид омадани боду ҳаво дар ин давра арзёбӣ мегардад.

Бо мақсади замина гузоштан барои ҳосили соли 2019 тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар майдони 18509,6 гектар кишти барвақтии зироатҳои баҳорӣ гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 фоиз, аз ҷумла майдони кишти картошка 15,9 фоиз, сабзавот 7,7 фоиз, аз он пиёз 9,5 фоиз ва сабзавоти тухмӣ 11,8 фоиз кам мебошад. Сабаби кам гардидани майдони кишти зироатҳои қайдгардида ин афзоиши масоҳати кишти зироатҳои хӯроки чорво мебошад.

Бояд қайд намуд, ки кишти тирамоҳии ғалладона ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар майдони 172144 гектар гузаронида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар соли ҳисоботӣ истеҳсоли картошка 964,9 ҳазор тонна, сабзавот 2119,4 ҳазор тонна, полезӣ 641,7 ҳазор тонна, меваҷот 447,7 ҳазор тонна ва ангур 241,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 истеҳсоли картошка 23,2 фоиз, сабзавот 14,0 фоиз, меваҷот 10,5 фоиз, ангур 5,9 фоиз ва полезӣ 1,7 фоиз зиёд гардид.

Инчунин дар соли 2018-ум 447,7 ҳазор тонна мева, аз ҷумла себ 181,1 ҳазор тонна, зардолу 146,5 ҳазор тонна ва 241,8 ҳазор тонна ангур истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2017 мутаносибан мева 10,2 фоиз, аз ҷумла себ 21,4 фоиз, зардолу 10,2 фоиз ва ангур 5,9 фоиз зиёд аст.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли гӯшт (дар вазни зинда) ҳазор тонна, шир 983,0 ҳазор тонна, тухм 450,3 млн. дона, аз ҷумла дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ 270,4 млн. дона, дар хоҷагиҳои аҳолӣ 179,9 млн. дона, пашм 7638,7 тонна, пилла 737,7 тонна, асал 4182,0 тонна ва моҳӣ 2081,9 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 мутаносибан истеҳсоли гушт 5,3 фоиз, шир 3,5 фоиз тухм 31,9 фоиз, пашм 1,6 фоиз, асал 2,0 фоиз ва моҳӣ 1,4 фоиз зиёд гардида, пилла 18,9 фоиз коҳиш ёфт.

Дар сохтмони асосии ҷумҳурӣ ҳаҷми сармоягузорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар соли 2018-ум 13051,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017-ум 7,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳиссаи маблағҳои буҷети давлатӣ дар сармояи асосӣ назаррас буда, дар соли 2018 ҳаҷми он ба 6459,8 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли гузашта 20,0 фоиз зиёд мебошад.

Сарчашмаи дигаре, ки дар сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ муҳим арзёбӣ мегардад, ин сармояи хориҷӣ мебошад, ки аз ин ҳисоб дар соли 2018 дар маҷмӯъ 4202,3 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2019-ум 69 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ (23 лоиҳаи грантӣ, 12 лоиҳаи қарзӣ ва 34 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант) мавриди татбиқ қарор доранд, ки маблағи умумии онҳо 3,2 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Маблағи умумии маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда ба ҳолати 1 январи соли 2019 нисбат ба аввали соли 2018-ум 414,7 млн. доллар зиёд мебошад, ки ин асосан аз ҳисоби оғоз гардидани татбиқи якчанд лоиҳаи калонҳаҷм дар соли 2018, аз ҷумла лоиҳаҳои «Таҷдиди НБО-и Норак», «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалайхумб, қитъаҳои Кулоб – Шамсиддини Шоҳин ва Шкев – Қалъаихумб», «Мустаҳкамгардонии инфрасохтори муҳимтарин ҷиҳати таъмини устуворӣ бар зидди офатҳои табиӣ», «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4», «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар рушди ҷомеа» мебошад.

Дар соли 2018 ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ 26974,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли гузашта 15,4 фоиз зиёд. Гардиши савдои чакана 21234,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2018 ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 12249,7 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли гузашта 2,1 фоиз зиёд аст.

Суръати рушд асосан аз ҳисоби зиёдшавии хизматрасонии маориф 12,3 фоиз, маишӣ 2,1 фоиз, тиббӣ 23,5 фоиз, нақлиёти мусофирбар 2,5 фоиз, бонкӣ 23,1 фоиз ва алоқа 1,1 фоиз ба амал омадааст.

Дар соли 2018 тавассути ҳама намуди нақлиёт 79,2 млн. тонна бор, 605,5 млн. мусофир интиқол дода шудааст, ки нисбат ба соли 2017 боркашонӣ 6,0 фоиз ва мусофирбарӣ 3,2 зиёд шудааст.

Бояд қайд кард, ки тавассути роҳи оҳан ҳамагӣ 5,3 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки ин нисбат ба нақлиёти автомобилӣ 68,6 млн. тонна ё 12,9 маротиба кам мебошад.

Дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 кашонидани мусофирон бо нақлиёти ҳавоии ватанӣ 93,3 фоиз ва гардиши мусофирон 95 фоизро ташкил додааст.

Шумораи умумии меҳмонхонаҳо 297 ададро ташкил дода, аз он 37 адад дар соли 2018 ба фаъолият шурӯъ намуд. Сохтмони 41 меҳмонхонаҳои дигар идома дорад. Инчунин дар соли 2018 шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 141 адад расид.

Дар соли 2018 аз шумораи умумии шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ ташрифоварда 1154,5 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ҳисобида мешаванд, ки нисбат ба соли 2017-ум 2,5 маротиба зиёд мебошад. Афзоиши шумораи сайёҳон бевосита аз натиҷаи ислоҳоти бомаром дар ин соҳа дарак медиҳад.

Дар соли 2018-ум гардиши савдои хориҷӣ ҳаҷми он 4222,9 млн. долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2017 6,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар соли 2018 нишондиҳандаи умумии содирот ба 1073,3 млн.доллар баробар гардид ва нисбат ба соли гузашта бе назардошти филизоти қиматбаҳо 8,9 фоиз зиёд гардида, бо назардошти он 10,4 фоиз кам шудааст.

Воридот дар натиҷаи озод намудани технологияву дигар молҳо барои соҳаҳои гуногун 13,5 фоиз афзоиш ёфта, 3149,6 млн. долларро ташкил намуд. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот 25,4 фоиз ва воридот 74,6 фоизро ташкил медиҳад.

Вазни хоси содиротии кишвар асосан аз ҳисоби фурӯши маъданҳо (37,3 фоиз), нахи пахта ва маҳсулот аз он (19,1 фоиз), алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он (18,8 фоиз), қувваи барқ (7,2 фоиз), семент (6,1 фоиз), меваю сабзавот (1,5 фоиз) ва ғайраҳо ташаккул ёфтааст.

Дар соли 2018 суръати рушди содироти маъданҳо нисбат ба соли гузашта 103,3 фоиз, нахи пахта 136,6 фоиз, қувваи барқ 143,9 фоиз, семент 142,5 фоиз ва алюминийи аввалия 99,3 фоизро ташкил намуд.

Дар баробари зиёд гардидани нишондиҳандаҳои содироти молҳои номбаршуда дар сохтори содирот молҳои нав аз қабили калобаи пахтагин, матои пахтагин, либос ва қисмҳои он, фторидҳо, филизоти ишқорӣ (симоб), ангиштсанг, маводи тарканда, обҳои минералӣ ва ғайраҳо пайдо гардид. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2017-ум 412 номгӯи молу маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот гардидааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 71 номгӯй зиёд мебошад ва ҳамин раванд дар соли 2018 идома ёфт. Дар давоми солҳои охир содироти маъданҳо босуръат рушд ёфта истодааст.

Дар соли 2018 воридоти таҷҳизоти технологӣ ва қисмҳои такмилдиҳандаи онҳо беш аз 96,4 млн. доллар ё 1,5 маротиба афзоиш ёфт, ки дар навбати худ омили асосии воридоти сармоя ба инфрасохтори истеҳсолӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, аз ҳаҷми умумии воридот 26 фоиз ба истеъмолот ва 74 фоиз таҷҳизоту ашёҳо ба таъмини рушди иқтисодиёт равона шудааст.Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 579,5 млн. доллар маҳсулоти озуқаворӣ ворид карда шудааст, ки дар ташаккули захираҳои молӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ ин манбаъ назаррас аст.

Дар сохтори воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ҳиссаи орду гандум 32,2 фоиз, равғани растанӣ 14,3 фоиз, шакар ва маҳсулоти қаннодӣ 12,2 фоиз, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 7,4 фоиз, маҳсулоти тайёр аз орд ва гандум 7,1 фоиз, какао ва маҳсулот аз он 5,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар натиҷаи андешидани тадбирҳо дар самти ташкили истеҳсолоти воридотивазкунанда ҳиссаи маҳсулоти озуқа дар сохтори воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар соли 2018-ум 80,9 ҳазор тонна бо арзиши умумии 62,0 млн. доллар равғани растанӣ ворид гардидааст, ки талаботи бозори истеъмолӣ асосан аз ин манбаъ таъмин мегардад. Равғани воридотӣ асосан равғани офтобпараст буда, ҳиссаи он дар ҳаҷми воридоти ин намуди маҳсулот зиёда аз 96,6 фоизро ташкил медиҳад.

Вазни хоси маҳсулоти нафтӣ низ дар воридот назаррас аст ва дар соли 2018-ум 446,8 ҳазор тонна бо арзиши 310,8 млн. доллар маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2017 аз рӯи ҳаҷм 4,9 фоиз ва бо ифодаи арзишӣ 16,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли ҳисоботӣ воридоти 203,3 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ бо арзиши 140,0 млн. доллар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017 10,5 ҳазор тонна ё 31,6 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Нархҳои воридотии сӯзишвории дизелӣ 126 доллар, бензин 78 доллар, сӯзишвории реактивӣ 150 доллар, равғанҳои молиданӣ 4 доллар нисбат ба нархҳои миёнаи соли 2017 барои як тонна афзоиш ёфтаанд.

Дар давоми соли 2018-ум 380,7 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидаст, ки нисбат ба соли гузашта 27,5 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҳамзамон нархи миёнаи воридотии гази моеъ 9 доллар барои як тонна афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра ба қаламрави ҷумҳурӣ 163,7 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ба маблағи 30,7 млн. доллар ворид гардидааст, ки дар қиёс ба соли 2017 аз рӯи ҳаҷм 11,0 ҳазор тонна ва аз рӯи арзиш 4,2 млн. доллар кам мебошад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное