Гузориш мухтасар оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми моҳҳои охир фикру ақидаҳои коршиносони байналмилалии соҳаи иқтисодиёт оид ба эҳтимолияти ба миён омадани бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонии навбатӣ гуногун буда, ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд.

Гурӯҳи якуми коршиносон эҳтимолияти ба вуқӯъ омадани бӯҳрони иқтисодиро аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳои иқтисодию молиявӣ ва сармоягузорӣ пешгӯӣ мекунанд.

Яке аз чунин нишондиҳандаҳо фарқияти меъёри даромаднокии (спред) вомбаргҳои давлатии 10-сола ва 2-солаи ИМА мебошад, ки аз соли 2007 инҷониб бори аввал 22 марти соли 2019 поён рафта, зуд барқарор шуд.

Тибқи баҳогузории ин гурӯҳи коршиносон тахминан 22 моҳ баъди тамоюли фарқияти манфии меъёри даромаднокии вомбаргҳои давлатӣ эҳтимол бӯҳрони иқтисодӣ оғоз меёбад.

Дар баробари тағйирёбии нишондиҳандаҳои мазкур ба ақидаи коршиносони гурӯҳи якум омилҳои асосие, ки метавонанд ба бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон оварда расонанд, ин низоъҳои тиҷоратӣ байни Хитой ва ИМА, коҳишёбии иқтисодӣ дар кишварҳои иқтисодиёташон калон ба монанди ИМА, Олмон, Хитой, Ҳиндустон, Бразилия, Сингапур ва дар ин замина коҳишёбии сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи саноат мебошад.

Соли 2019 дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои зарурӣ дар доираи ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна ва баъзе мушкилоти ҷойдошта таъмин гардид.

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2019-ум 7,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ (ММД) ба 77,3 млрд сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018-ум 8,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад.

Рушди иқтисоди ҷумҳурӣ асосан аз ҳисоби рушди босуботи соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат 13,6 фоиз, кишоварзӣ 7,1 фоиз, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ 9,0 фоиз, мусофиркашонӣ 10,9 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ 2,9 фоиз ва боркашонӣ 1,1 фоиз таъмин гардид.

Дар баробари ин, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба андозаи 6,3 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ истеҳсоли молҳо 46,0 фоиз (45,7 фоиз дар соли 2018), хизматрасонӣ 43,6 фоиз (43,7 фоиз) ва андозҳо 10,4 фоиз (10,6 фоиз) баробар гардид.

Дар соли 2019 дар соҳаи саноат ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, истеҳсоли маҳсулоти бо арзиши баланди иловашуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазиру воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии кишвар як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.

Дар ин сол дар ҷумҳурӣ 219 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойи корӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои мошинсозӣ 38 корхона, саноати сабук 53 корхона, масолеҳи сохтмон 50 корхона, саноати хӯрокворӣ 62 корхона, саноати маъдан 2 корхона, табъу нашр 5 корхона ва дигар соҳаҳо 8 корхона ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ карданд.

Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019-ум 27586,6 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2018-ум 13,6 фоиз афзоиш ёфт. Мавриди қайд аст, ки суръати афзоиш нисбат ба нишондиҳандаи соли 2018-ум 1,8 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ дар соли 2019 аз рӯи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 27750,4 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 7,1 фоиз зиёд шудааст.

Рушди соҳаи кишоварзӣ дар соли 2019 аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли соҳаи растанипарварӣ 7,8 фоиз (19279,7 млн. сомонӣ) ва чорводорӣ 5,7 фоиз (8470,7 млн. сомонӣ) таъмин гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар соли 2019-ум 12140,3 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли пешин 6,3 фоиз кам мебошад.

Аз ҳаҷми маблағҳои асосии дар ин давра азхудшуда 6002 млн. сомонӣ (49,4 фоиз) маблағҳои буҷети давлатӣ, 3026,8 млн. сомонӣ (25 фоиз) сармояи хориҷӣ ва 3111,5 млн. сомониро (25,6 фоиз) дигар сарчашмаҳо ташкил медиҳад.

Гарчанде ки маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар маҷмӯъ коҳиш ёфта бошад ҳам, вале ҳаҷми ба кор андохтани фондҳои асосӣ назаррас афзоиш ёфта, ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 6207,9 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018-ум 1,5 маротиба зиёд мебошад.

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1364,5 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 21706 ҷойи нишаст, дармонгоҳҳо барои қабули 1059 нафар дар як баст, беморхонаҳо барои 469 кат ва 1325 ҷойи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар соли 2019 тавассути ҳама намуди нақлиёт 80,1 млн. тонна бор, 671,5 млн. мусофир интиқол дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018 боркашонӣ 1,1 фоиз ва мусофиркашонӣ 10,9 фоиз зиёд шуд, вале тавассути нақлиёти ҳавоӣ мусофиркашонӣ 9,2 фоиз коҳиш ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2019 ҳаҷми умумии гардиши савдои яклухт ва чакана, таъмири автомобилҳо ва молҳои маишӣ 31996,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 9,0 фоиз ё 5021,2 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ санаи 26 декабри соли 2019 Ҳукумати кишварро вазифадор карданд, ки сиёсати давлат дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ дар ояндаи наздик бояд ба се самти асосӣ - ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо равона гардад.

Дар соли 2019 бо мақсади таҳкими истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда тадбирҳои мушаххас дар самти содагардонидани расмиёти савдо, таъсиси сохторҳои институтсиалии мусоидаткунандаи содирот ба гардиши савдои хориҷӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ амалӣ карда шуданд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2019 гардиши савдои хориҷӣ 4523,7 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз ё 300,8 млн. доллар зиёд шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ содироти молу маҳсулот 1174,4 млн. доллар ва воридоти мол ба ҷумҳурӣ 3349,3 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 9,4 фоиз ё 101,1 млн. доллар ва 6,3 фоиз ё 199,7млн. доллар зиёд шудааст.

Сатҳи таваррум дар соли 2019-ум 8,0 фоизро ташкил намуд, ки ин аз ҳисоби 10,9 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, 4,2 фоиз молҳои ғайриозуқа ва 5,5 фоиз тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ташаккул ёфтааст.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное