Хоҳиши ба дигар кишварҳо муҳоҷир шудани шаҳрвандони Амрико

.

 

 

 

Хадамоти иҷтимоии «Gallup» иттилоъ медиҳад, ки қариб 16 фоизи шаҳрвандони Амрико мехоҳанд, ба дигар кишварҳо ба ҷойи зисти доимӣ раванд.

Асосан хоҳиши муҳоҷир шудан аз ИМА ҷавонони дар сини 30 сола изҳор намудаанд.

Бояд қайд кард, ки зиёда аз 26 фоизи шаҳрвандони ИМА давлати Канадаро интихоб намуданд.

 

 

 

Рушди иқтисодиёти Сербия дар соли 2018

.

 

 

 

Роҳбари Идораи омори Сербия изҳор намуд, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2018 ба андозаи 4,4 фоиз афзоиш ёфт. Дар соли 2018 хароҷоти истеъмолӣ ва сармоягузорӣ дар Сербия 9,1 фоиз зиёд гардид.

Рушди иқтисодиёти кишвар дар ин давра аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 2,0 фоиз, аз ҷумла рушди соҳаи саноати коркард 2,1 фоиз, сохтмон 10,9 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 16,3 фоиз ва содироти мол ба 9,0 фоиз таъмин гардид. Таварруми солона 2,1 фоиз ва сатҳи бекорӣ 11,3 фоизро ташкил намуд.

Инчунин Хазинаи Байналмилалии Асъор дар моҳи октябр изҳор намуда буд, ки иқтисодиёти Сербия дар соли 2018 4,0 фоиз, дар соли 2019 3,5 фоиз ва дар соли 2020 4,0 фоиз афзоиш меёбад.

 

 

 

Коҳишёбии содироти нафти Ҷумҳурии Боливия

.

 

 

 

Тибқи маълумоти «Вести Экономика» дар соли 2018 дар заминаи буҳрони иқтисодӣ истихроҷи нафти Ҷумҳурии Боливия коҳиш ёфта, содироти он ҳамагӣ 1,2 млн. баррелро дар як шабонарӯз ташкил намудааст, ки нишондоди пастарин дар 28 соли охир ба ҳисоб меравад.

Яке аз даромади асосии буҷети Ҷумҳурии Боливия содироти нафт мебошад, ки истеҳсоли он аз сабаби бӯҳрони иқтисодӣ боз ҳам паст рафта истодааст.

Дар баробари ин Ҷумҳурии Боливия таҳти фишори қарздиҳандагони ИМА қарор дорад, ки барои ба даст овардани дороиҳо кӯшиш менамоянд. Амрико пас аз 10 январи соли ҷорӣ таҳримҳоро нисбат ба Ҷумҳурии Боливия зиёд менамояд.

 

 

 

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное