Навиди иқтисодӣ

Мақоми Ӯзбекистон дар рейтинги ҷаҳонии брендҳои миллӣ

.

Дар байни кишварҳои ИДМ Россия ва Қазоқистон дар рейтинги ҷаҳонии брендҳои миллӣ ҷойҳои худро дар мавқеи 14 ва 44 нигоҳ дошта, Украина дар ҷойи 55-ум, Туркманистон 81-ум, Озарбойҷон 85-ум ва Ӯзбекистон дар ҷойи 61-ум қарор гирифтанд. Дар рейтинги ҷаҳонии брендҳои миллӣ Ӯзбекистон дар 1 соли охир мақоми худро 9 сатҳ беҳтар намуд. Баҳодиҳии брендҳои миллӣ аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳо, аз ҷумла нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, вазъи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди сайёҳӣ, сиёсат ва муносибатҳои тиҷоратӣ муайян карда мешавад. Мувофиқи мақсад мебошад, ки ҷиҳати шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги мазкур ва муаррифии брендҳои миллии кишвар аз ҷониби масъулин тадбирҳо андешида шаванд.

ММД-и кишварҳои БРИКС дар соли 2021 6-7 фоиз меафзояд

.

 Дар форуми молиявии Механизми ҳамкории байнибонкии БРИКС роҳбари Бонки иқтисоди хориҷии Россия хабар дод, ки тибқи баҳодиҳии Институти тадқиқотӣ ва экспертизаи Бонк дар соли 2021 суръати рушди иқтисодиёти БРИКС 6-7фоизро ташкил медиҳад. Ӯ қайд кард, ки давлатҳои БРИКС аз ҳолати бӯҳронӣ бо суръатҳои гуногун вобаста аз ҳаҷми қарзи давлатӣ ва касри буҷет, инчунин имкониятҳои татбиқи тадбирҳои зиддибӯҳронӣ мебароянд. Санаи 17 ноябри соли 2020 таҳти роҳбарии Владимир Путин саммити XII-уми БРИКС дар реҷаи видеоконфоронс баргузор гардид. Президенти Федератсияи Россия ҳангоми суханронӣ дар саммити иттиҳодияи байнидавлатӣ қайд кард, ки кишварҳои БРИКС ба эпидемия омода буданд ва ҳоло Бонки нави Рушди БРИКС барои мубориза бо пандемия 10 млрд. доллар захира кардааст. Кишварҳои БРИКС панҷ сол қабл дар Эъломияи Уфа барои якҷо мубориза бурдан бар зидди паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба мувофиқа расида, системаи огоҳкунии бармаҳали эпидемияро таъсис додаанд. Кишварҳои БРИКС мехоҳанд то соли 2021 ҳаҷми сандуқи сармоягузории бонкро ба 23 млрд. доллар расонанд. Бонки Нави Рушд дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ, ки моҳи июли соли 2014 ба имзо расидааст, таъсис дода шудааст. 

Пешгӯии барқароршавии иқтисодиёти ИМА аз ҷониби Низоми захиравии федеролӣ

.

Роҳбарияти Низоми захиравии федеролӣ изҳор намуд, ки шумораи беморони сироятии коронавирус дар кишвар ва ҷаҳон зиёд гардида, он барои барқароршавии иқтисодиёти ҷаҳонӣ монеагӣ эҷод мекунад. Ширкати инноватсионии биофармасевтикии «Файзер» («Pfizer») якҷо бо ширкати Олмонии «Биотех» («BioNTech») ваксина бар зидди коронавирус ихтироъ намуданд, ки самаранокии он 90 фоизро нишон дод. Пас аз он дар бозори фондии ИМА нархҳои саҳмияҳо боло рафтанд. Даромади даҳсолаи вомбаргҳои давлатии ИМА пас аз изҳороти Ширкати мазкур аз 0,821 фоиз то 0,957 фоиз боло рафт.

 

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное