Навиди иқтисодӣ

Аз байн рафтани фақри шадид дар Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

 

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҷаласа бахшида ба дастовардҳо дар самти камбизоатӣ изҳор намуд, ки дар давоми ҳашт соли охир 99 млн. нафар сокинони деҳот, 832 воҳиди ҳудуди маъмурӣ ва 128 ҳазор деҳа аз рӯйхати минтақаҳои камбизоат бароварда шудаанд. Ҳукумати Хитой барои мубориза дар ин самт тақрибан 246 млрд. доллар сарф намудааст.

Афзоиши қарзи давлатии Федератсияи Россия

.

Қарзи давлатии Федератсияи Россия дар соли 2020-ум 73,1 млрд. доллар зиёд шуда, ба 255,8 млрд. доллар баробар гардид, ки ин 17,8 фоизи ММД-и кишварро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон қарзи дохилӣ 62,3 млрд. доллар ё 45,4 фоиз афзоиш ёфта, 199 млрд. долларро ташкил дод. Қарзи хориҷӣ 1,9 млрд. доллар ё 3,5 фоиз зиёд гардида, ба 56,8 млрд. доллар расид.

Бонки мардумии Хитой меъёри фоизиро бетағйир монд

.

Бонки мардумии Хитой 25 феврал меъёри фоизи қарзиро бо мақсади барқарорсозии иқтисодиёти кишвар пас аз бӯҳрон, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус ба амал омад, дар сатҳи 3,85 фоиз бетағйир монд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное