Навиди Вазорат



Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Пекин меҳмони олиқадр-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Чин самимона истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” ба ин кишвар ташриф оварданд.

Дар кори форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 40 кишвари олам, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Форум иштирок ва суханронӣ карда, бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва сарони як қатор кишварҳо ба хотири рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳанд.

 

http://president.tj/node/19958

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное