Ҷаласа оид ба ҷорӣ намудани лоиҳаи ҳуҷҷатгузории рақамӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Санаи 3 майи соли ҷорӣ дар бинои Вазорат бо роҳбарияти Вазорат ва намояндагони ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» ҷаласа доир ба ҷорӣ намудани лоиҳаи ҳуҷҷатгузории рақамӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби намояндагони ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» тариқи рунамо лоиҳаи ҳуҷҷатгузории рақамии вазорат пешниҳод гардид, ки роҳбарияти вазорат иқдоми пешгирифтаи ҷамъияти номбурдаро хуб ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти вазорат ҷиҳати татбиқи лоиҳаи номбурда таклифҳо ва дастурҳо дода шуд.

Бояд қайд кард, ки ҷиҳати иҷрои банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019, №39 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 13 феврали соли 2019, №19 “Дар бораи таъсиси гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ оид ба таҳияи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки тибқи он таъсиси ду Гурӯҳи корӣ – идоракунанда ва техникӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи фармоиши номбурда ба гурӯҳҳои кории мазкур ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ ҷалб гардида, дар раванди таҳияи лоиҳаи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкориҳо идома доранд.

Дар ин асно, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сифат Иннотех Инвест» ба вазорат мактуби дархостӣ оид ба ҳамкориҳо ва кумак дар таҳия ва коркарди лоиҳаи Консепсияи болозикр, чорабиниҳои инноватсионӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи ҳукумати электронӣ ворид гардид.

Дар асоси мактуби болозикр ҷамъияти мазкур ба ҷаласаҳои гурӯҳи кории техникӣ ҷалб гардида, дар таҳияи лоиҳаи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо идома доранд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное