Навиди Вазорат



Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳамгироӣ бо савдои байналмилалӣ ва соддагардонии расмиёти савдо баланд арзёбӣ намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 24 майи соли 2019 дар мулоқот бо Муовини Директори кулли Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ҷаноби И. Сяожун роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои ҳамгироӣ ба савдои байналмилалӣ ва соддагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо муаррифӣ намуда, корҳои иҷрошударо вобаста ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС қайд намуд.

Зикр гардид, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС моҳи апрели соли 2020 ба нақша гирифта шуда, дар робита ба он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи назаррас гузаронидани чорабинии қайдгардида нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст.

Дар мулоқот И. Сяожун ба дастовардҳо ва пешравиҳои ноилгардидаи соҳаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи шаш соли узвият дар СУС баҳои баланд дода, иброз намуд, ки бо мақсади дар сатҳи назаррас гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои кишвар омода аст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд. Бахусус ҷониби СУС ифтитоҳ гардидани Портали савдои Тоҷикистонро дар апрели соли ҷорӣ ҳамчун қадами навбатии назаррас дар роҳи соддагардонии расмиёти савдо хуш истиқбол намуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва омода намудани лоиҳаи ҳисоботи тафсири сиёсати савдои ҶТ то сафари ҳайати котиботи СУС ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2019 корҳои заруриро анҷом медиҳанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное