Навиди Вазорат



Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии 13-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ оид ба савдоро раисӣ намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Рӯзи 4 июли соли равон дар доираи семинари сатҳи баланд оид ба савдо дар зерминтақаи Барномаи СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария 13-умин вохӯрии Гурӯҳи корӣ оид ба савдои СПЕКА баргузор гардид, ки онро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин роҳбарӣ намуд.

Дар чорабинӣ масъалаҳо вобаста ба имкониятҳо ва мушкилоти ҳамкориҳо байни кишварҳо, нақшаҳои татбиқшавандаи минтақавӣ, иҷрои муқаррароти Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) оид ба соддагардонии расмиёти савдо, табодули таҷрибаи давлатҳо, кӯмакҳои ҳамдигарӣ байни кишварҳои минтақа, таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои Рушди Устувор, чораҳои ғайритарифӣ ва монеаҳои техникӣ дар савдо, соддагардонии расмиёти савдо ва рушди устувори тиҷоратӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Завқизода З. А. дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи савдои байналмилалӣ, аз қабили иштироки кишвар дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, соддагардонии расмиёти савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашударо муаррифӣ намуда, қайд карданд, ки ҳанӯз имкониятҳои мавҷуда байни давлатҳои аъзои СПЕКА пурра истифода нашудааст.

Инчунин зимни чорабинӣ бо мақсади таҳким додани ҳамкориҳои минбаъда вобаста ба савдо байни кишварҳои аъзои СПЕКА «Стратегияи минтақавии СПЕКА оид ба содагардонии савдо» ва санади дахлдор оид ба савдои байналмилалӣ ва Рушди устувор таҳия гардида, барои мувофиқа ба Ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ирсол гардиданд.

Қайд бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир роҳбарии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное