Навиди Вазорат



Cафари корӣ ба ноҳияи Панҷ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Санаи 27 июли соли 2019 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷро ва татбиқи супоришҳое, ки аз Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 бармеоянд, ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи мазкур аз иншооти сохташуда ва идомаёбанда дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳвар, Намуна, Озодагон, Сайфиддинов Кабут, Нури Ваҳдат ва шаҳраки Панҷ, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Панҷ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, дидан намуданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ бо роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони ҷамоатҳо, ташкилотҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон мулоқот анҷом дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии Нақшаи чорабиниҳои болозикр ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное