Навиди Вазорат



Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ноиби калони Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

14 апрели соли 2017 дар доираи нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ноиби калони Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Ҳидетоши Иригакӣ баргузор гардид.

Зимни он вазъи кунунӣ ва дурнамои масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Миёни ҷонибҳо ҳамчунин доир ба татбиқи натиҷаҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ дар доираи масъалаҳои болозикр гуфтугӯ сурат гирифт.

Мусоҳибон аҳамияти татбиқи тарҳҳои муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари охири ҳайати кории JICA ба Тоҷикистонро батавсил муҳоқима намуданд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки татбиқи тарҳҳои ҷорӣ ва банақшагирифташудадар соҳаҳои маориф ва рушди захираҳои инсонӣ, тандурустӣ, сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, энергетика, таҳкими иқтидори кишоварзӣ ва обтаъминкунии аҳолӣ саҳми босазои худро дар татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 мегузорад.

Атрофи масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное