Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи муштарак оид ба шарҳи солонаи ЮНДАФ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

11 майи соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи муштарак оид ба шарҳи солонаи Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак баҳри рушд дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (ЮНДАФ) бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, оҷонсиҳои СММ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод оғоз намуда, сипас хонум Пратибҳа Меҳта – Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон натиҷаҳои асосии соли аввали татбиқи ЮНДАФ–ро муаррифӣ намуд. Хусусан, қайд гардид, ки натиҷаҳои асосии соли аввали татбиқи ЮНДАФ аз дастгирии ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маориф, андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, беҳтар намудани ғизои кӯдакон ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ иборат буд.

Ҳамчунин, дар аснои чорабинӣ рӯнамоҳои Роҳбарони Гурӯҳҳо аз рӯи шаш натиҷаи ЮНДАФ шунида шуд.

Дар интиҳо ҷаласа, иштирокчиён мушкилоти асосӣ ва роҳҳои татбиқи минбаъдаи ЮНДАФ дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное