Навиди Вазорат



ИШТИРОК ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

21 майи соли ҷорӣ дар даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғи шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 51 ҳазору 300 нафар ҷавонону наврасон ва сину соли гуногуни аҳолии шаҳри Душанбе ва масъулини соҳаҳои мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ маросими ифтитоҳи дави миллӣ баргузор гардид.

Ин чорабинии ҷамъиятӣ-варзишӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ аз соли 2007 инҷониб якшанбеи сеюми моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. 

Дар чорабинии мазкур дар қатори намояндагони дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар доираи васеи кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштироки фаъолона намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное