Навиди Вазорат



Мулоқоти Н.Ҳикматуллозода бо Вазири корҳои хориҷии Урдун

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

20 майи соли 2017 дар чаҳорчӯбаи Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ (Давос 2017) дар робита ба Ховари Миёна ва Африкаи Шимолӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Айман Садафӣ доир гардид.

Нахуст зимни мулоқот номаи арзи сипоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ, Подшоҳи Шоҳигарии Урдун Абдуллоҳи Сонӣ ба Вазири корҳои хориҷӣ тақдим карда шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, сайёҳӣ ва илму фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд Ҳамазмон, онҳо аз рушди сатҳи алоқаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии кишварҳояшро барои боз ҳам тақвият бахшидани ин ҳамкориҳо таъкид доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное