Навиди Вазорат



Вохӯрии Н.Ҳикматуллозода бо ҷаноби Чжен Чжи Тсзе

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

11 июни соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Президенти Бонки давлатии рушди Чин ҷаноби Чжен Чжи Цзе баргузор гардид.

Зимни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ доир гашт, ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои телекоммуникатсия, кишоварзӣ, саноат, гидроэнергетика, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва дастгирии соҳибкории хурду миёна мубодилаи афкори судманд намуданд.

Бояд қайд кард, ки Бонки давлатии рушди Чин дар тӯли фаъолияташ дар Тоҷикистон зиёда аз 20 лоиҳаи сармоягузориро дастгирӣ намудааст.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное