Навиди Вазорат



Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин Чэн Ҷин Хэ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сямэни музофоти Футсзян барои иштирок дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС бо Президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин Чэн Ҷин Хэ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои минбаъда миёни ширкати куҳкории Зиҷин ва Тоҷикистон дар бахши афзоиши истихроҷ ва коркарди саноатии тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон мубодилаи афкор намуданд.

Зикр гардид, ки ин ширкат тайи 10 соли фаъолияти хеш дар Тоҷикистон беш аз 450 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст. То имрӯз истеҳсоли тилло ба 20 тонна ва шумораи коргарон ба бештар аз 2 ҳазор нафар расонда шудааст, ки 98 фисади онро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Тибқи нақшаҳои оянда ширкат ният дорад, ки дар Тоҷикистон як корхонаи истеҳсолии коркарди мис бо тамоми таҷҳизоту технологияи муосир бунёд намояд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла барои кормандони корхонаи муштараки Зарафшон, сурат гирифт.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное