Навиди Вазорат



Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

16 октябри соли ҷорӣ дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайтро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи давлатҳои араб изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид шуд, ки сафари нахустини Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои араб ба Тоҷикистон сароғози сатҳи нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи давлатҳои араб мегардад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи таҳкими муколамаи сиёсӣ ва тавсеаи равобит дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, инчунин дигар самтҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное