Навиди Вазорат



Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорат.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

18 октябри соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин сарварони муассисаҳои тобеи Вазорат ширкат варзиданд.

Ҷаласаи Ҳайати мушовараро бо сухани муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода оғоз намуда, сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2017 Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода гузориш дод.

Ҳамчунин, оид ба фаъолияти анҷомдодаашон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ, нақшаҳо ва мушкилоти ҷойдошта роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорат баромад карданд.

Дар охир ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул намуд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное