Навиди Вазорат



Ҷаласаи шонздаҳуми вазирони давлатҳои аъзои СҲШ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

15 ноябри соли 2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи шонздаҳуми вазирони масъули фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва савдои берунаи аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай доир гардид.

Дар ҷаласа Вазири савдо ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон Прабҳу Суреш, Вазири иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Тимур Сулейменов, Муовини Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чэнган, Муовини Вазири иқтисоди Кирғизистон Сазбаков Алмаз, Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Орешкин, Вазири савдои Ҷумҳурии Исломии Покистон Малик Муҳаммад, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва Муовини Вазири савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саифназаров Саҳиб иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа муовини котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Азиз Носиров, намояндагони Шӯрои кории СҲШ ва иттиҳоди байнибонкӣ ширкат варзиданд.

Ҷаласа таҳти раёсати Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Орешкин сурат гирифт.

Дар аснои чорабинӣ, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ, аз ҷумла мубодилаи афкор оид ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар минтақаи СҲШ-ро баррасӣ карданд.

Қобили тазаккур аст, ки ҷаласаи навбатии вазирони масъули фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва савдои берунаи аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар интиҳо, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа санади дахлдор ба имзо расид.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное