Навиди Вазорат



Имзои созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон мувофиқашуда, ки соли 2016 дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир гардида буданд, имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ дар солҳои 2016-2017» ва «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкории техникӣ бораи солҳои 2016-2017» баргузор гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи техникӣ ва молиявӣ барои солҳои 2016-2017 маблағи навро дар ҳаҷми 33,5 млн. евро пешниҳод менамояд.

Маблағи мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Занҷираи кишоварзии ташкили арзиш дар Тоҷикистон», «Мубориза алайҳи бемории сил (марҳилаи чорум)», «Фондҳои хоҷагии коммуналӣ ҷиҳати мусоидат ба маълумоти ибтидоӣ ва барқарор намудани инфрасохтори коммуналӣ (марҳилаи 4-ум)», «Мусоидат ба банақшагирии муайяни оила ва саломатии модару кӯдак дар Тоҷикистон», «Беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ барои модарон ва кӯдакон дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон» ва «Мусоидат ба рушди иқтисоди маҳаллӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳи интихобшуда» нигаронида шудаааст.

Маблағи иловагӣ барои лоиҳаи «Таҷдиди НБО Оқсу» дар ноҳияи Мурғоб равона карда мешавад.

Созишномаҳои мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон Сафири ҶФО дар ҶТ ҷаноби Найтхарт Хёфер-Виссинг имзо намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное