Навиди Вазорат



Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Сипас кори Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва меҳмонони ҳамоиш ҷараён гирифт.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Иттиҳод, натиҷаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳод ва мавзуъҳои асосии дигар, аз қабили қабули таъмини амният ва чораҷӯии фаврӣ бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии силоҳ, ҳалли мушкилоти масъалаҳо оид ба таъмини амният дар қисми ҷанубии Иттиҳод, интихоби раёсати Иттиҳод дар соли 2019 ва дигар мавзуъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, сиёсати ҷавонон, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин давра бо ҷонибдории кишварҳои аъзои Иттиҳод бастаи калони санадҳо омода шуда, барои рушди шарикии гуманитарӣ қарорҳои дахлдор қабал гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод, барои дар сатҳи баланд ташкил кардани Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳод ва пазироию меҳмоннавозии самимӣ, баҳои баланд доданд.  

Дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Россия Валентина Матвиенко, Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ, ҳамраиси Фонди ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ Михаил Швидкой иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар интиҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарорҳо оид ба

Дар бораи Конвенсияи ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсади сулҳ;

Дар бораи омодагӣ ба таҷлили 75 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945;

Изҳороти сарони давлатҳои аъзлои Иттиҳоди Давлатҳои Мутттаҳид ба муносибати 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон;

Дар бораи соли 2021 татбиқ кардани Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Дар бораи эълони соли 2021 ҳамчун “Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар солҳои 2019-2023;

Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории соҳаи технологияҳои иттилоотӣ;

Дар бораи ворид кардани тағйирот дар Низомномаи Шӯрои вазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи роҳбари Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи Раиси Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Дар бораи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба Бозии ҷаҳонии кӯчнишинҳо; 

Дар бораи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 90 - солагии Чингиз Айтматов, қабул гардид.

Ҳамчунин қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2019 дар шаҳри Ашхободи Туркманистон баргузор гардад.

Дар бораи натиҷаҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳорот доданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное