Навиди Вазорат



Баррасии самтҳои дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Қатар

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Дар ҳошияи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ватанӣ дар Давҳа рӯзҳои 8 - 10 октябри соли 2018 мулоқотҳои дуҷонибаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сарвазири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ, Вазири иқтисод ва тиҷорати Давлати Қатар Шайх Аҳмад бин Ҷосим бин Муҳаммад Оли Сонӣ, Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Давлати Қатар Ҷосим бин Сайф ал-Сулайтӣ ва Раиси Шӯрои мудирони минтақаҳои озоди иқтисодии Давлати Қатар Аҳмад Муҳаммад ал-Сайид баргузор шуданд.

Дар рафти мулоқотҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноат, нақлиёту коммуникатсия, фаъолиятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное