Шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2018 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат, инчунин раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Ҷамъомадро Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ифтитоҳ карда, зикр намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат раҳнамои воқеии мардуми кишвар барои соли 2019 ва солҳои минбаъда мебошад. Зеро дар Паём бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи олӣ, яъне муҳайё гардонидани зиндагии арзанда барои ҳар як сокини мамлакат ҳалли масъалаҳо дар ҳамаи соҳаҳо ва самтҳо ба таври возеҳ нишон дода шудаанд.

Сипас, роҷеъ ба аҳамият ва нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат оид ба самтҳои асосии фаъолияташон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Шариф Раҳимзода ибрози андеша намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное