Навиди Вазорат



Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода бо иштироки Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони Дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои зертобеъи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 баргузор гардид.

Ҷаласаи Ҳайати мушовара бо суханони ифтитоҳии Вазири рушди иқтисод ва савдо оғоз гардида, вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 аз ҷониби муовини якуми Вазир гузориши муфассал дода шуд.

Ҳамзамон оид ба фаъолияти раёсатҳо ва муассисаҳои зертобеи вазорат ҳисоботи роҳбарони онҳо шунида шуд.

Дар охири ҷаласаи аъзои Ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное