Навиди Вазорат



Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҷаноби Андреа ДаллОлио

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти навбатии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Андреа ДаллОлио баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба рушди иқтисодии деҳот, аз ҷумла диверсификатсияи маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти технологияи муосир, сохтмони гармхонаву сардхонаҳо, ҷойҳои хушккунии маҳсулот ва бандубасти он, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин, вобаста ба рушди сайёҳӣ, аз ҷумла фароҳам овардани инфрасохтори мусоид, сохтмони меҳмонхонаҳо, рушди авиатсияи хурд, дӯконҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии мавзеъҳои таърихӣ ва то сатҳи мавзеъҳои сайёҳии байналмилалӣ баровардани онҳо суҳбат оростанд.

 Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное