Навиди Вазорат



Рўнамо оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Санаи 26 апрели соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиши Вазорат аз 07 январи соли 2019, № 03 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи баргузории рӯнамоҳои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ барои соли 2019» аз ҷониби Раёсати таъминотӣ ҳуқуқӣ бо иштироки доираи васеи кормандони Дастгоҳи марказӣ рӯнамо дар мавзӯи «Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби мутахассисони Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ оид ба таърихи қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва сохтори он, мафҳуми муроҷиатҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба муроҷиат ва зимни пешниҳоди муроҷиатҳо, қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирӣ, муҳлати баррасӣ ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» зикр карда шуд.

Дар охир аз ҷониби иштироккунандагон вобаста ба мавзӯи мазкур соволҳо дода шуда, ба саволҳои онҳо аз ҷониби баромадкунандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное