News of the Ministry



Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии зинаи сеюм оид ба таҳияи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

6 феврали соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вобаста ба татбиқи банди 6-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020, №АП-1325) зикр гардидаанд, ҷаласаи аввали Гурӯҳи кории байниидоравии зинаи сеюм вобаста ба таҳияи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки ҳамчун марҳилаи дуввуми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад, таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо - Ҷӯразода Тоҷиддин баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагон аз вазорату идораҳо, ки узви Гурӯҳи кории номбурда мебошанд, инчунин намояндагони Агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон “JICA” иштирок доштанд.

Ҳадаф аз баргузории ҷаласа ин шиносоии гуруҳи кории зинаи сеюм бо лоиҳаи сохтори пешакии лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва муайян намудани фаъолияти минбаъдаи гуруҳҳои кории байниидоравӣ тибқи Низомномаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаласа рӯнамои лоиҳаи сохтори Барномаи миёнамуҳлати навбатӣ муаррифӣ шуда, вобаста ба он вазорату идораҳо ва намояндагони Агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон “JICA” ибрози ақида намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное