Густариш додани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

.

26 майи соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қудратов Лазиз Шавкатович баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо Роҳбари намояндаи Samsung C&T Deutschland GMBH

.

26 майи соли 2022 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Роҳбари намояндаи Samsung C&T Deutschland GMBH Таэ Сок Ким дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо ин ширкат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

.

26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамчунин бо роҳбарону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Нуриддин Маҳмудов мулоқот ва суҳбати самимии сарироҳӣ доир намуданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное