09 Май 2018

Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан объявляет конкурс на вакантные должности Центрального аппарата Министерства

 

Озмун

барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

Номгӯи мансабҳои холӣ

Шумораи Мансаби холӣ

Маоши мансабӣ бо сомонӣ

  1.  

Сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ

1

1200,00

 Эзоҳ: аз довталабон барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ иловатан талаб карда мешавад::

-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф менамояд ва уҳдадориҳои мансабии довталабро ба танзим медароранд;

 -таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва забони давлатӣ;

-самтҳои асосии сиёсати иқтисоди хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи муошират ва кордонӣ бо ҷомеа/шаҳрвандон, бахусус дар вақти ҳимояи манфиатҳои давлатӣ.

Довталабон метавонанд бо дастурамали мансабии мансаби холии ба озмун пешниҳодгардида ва номгӯи саволҳои озмун дар Комиссияи қабул, замимаҳои 1, 2 эълони мазкур шинос шаванд.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан ва ё дар шакли электронӣ пешниҳод намудан мумкин аст (ҳангоми ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо довталаб нусхаҳои аслии онҳоро то даври аввали озмун пешниҳод менамояд):

-Ҷузъгир (скоросшиватель);

-Ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли пешбинигардида, ки дар комиссияи қабул ва ё сомонаи Вазорат пешниҳод карда мешавад;

-Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6;

-Тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи Дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-нусхаи Шиноснома;

-нусхаи Гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

-нусхаи Шаҳодатномаи никоҳ (барои шахсони оиладор);

-нусхаи Дафтарчаи ҳарбӣ ё нусхаи Маълумотномаи бақайдгирии уҳдадории ҳарбӣ;

-Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 086 УБ;

-Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи Билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотномаи Саридораи Марказии таҳлили аналитикии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (оид ба надоштани доғи судӣ).

Маълумоти иловагиро аз суроғаи зерин дастрас намудан мумкин аст: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кадрҳо ва бахши махсус: 734002, ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар, 37. Сомонаи Вазорат: www.medt.tj, сомонаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон www.ahd.tj ва почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , тел. 221-34-38, факс 221-94-63, ошёнаи 1, утоқи 113.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо - муддати 21 рӯз аз рӯзи интишори эълон (то соати 12.00) дар бораи гузаронидани озмун.

Квалификационные требования

 

Подробнее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное