Ситоди ҷумҳурявӣ оид ба зимистонгузаронӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Санаи 18 ноябри соли 2020 ҷаласаи Ситоди ҷумҳурявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъоляти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор гардид, дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимитонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷаласаи мазкур тариқи видеоконфронс баргузор гардида, дар кори он намояндагони вазорату идораҳо соҳаӣ-аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва намояндагони субектҳои иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштрок намуданд.

Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 супоришу тадбирҳои вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020-2021 дар 4 банд 42 зербанди Нақша чорабиниҳо пешбини гардида, муҳлати иҷрои онҳо ва мақомоти иҷрокунанда ба таври мушаххас дарҷ гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади Нақшаи мазкур дар тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарорҳои дахлдори дохилӣ ба тасвиб расида, ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақша чорабиниҳои дахлдор тасдиқ карда шудаанд.

Дар асоси пешниҳодҳои вазорату идораҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, Вазорат оид ба рафти иҷрои қарори зикргардида гузоришҳои ҷамъбастии ҳармоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеӣ ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъоялти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, аз ҷумла дар муассиаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқи ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудааст.

Лозим ба қайд аст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли2020, №199, қарори раиси вилоят аз 22 апрели соли 2020, №101 «Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъоляти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2020-2021»-ро ба тасвиб расонида, аз ҷониби сохторҳои марбута мавриди иҷро қарор дода шудааст.

Дап рафти ҷаласа аз ҷониби Муовини Сарвазир оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар самти захираҳои маводи озуқаворӣ ва маводи сухт ибрози назар карда шуда, супоришҳои қатъи вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захира ва сари вақт омода намудани соҳҳаҳои мухталифи ВМКБ ба зимистонгузаронӣ дода шудаанд.

Дар охири ҷаласа муҳтарам муовини Сарвазир супоришҳои мушаххас ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар самти гузаронидани мавсими зимистонгузаронии солҳои 2020-2021 додаанд.

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное