
ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Шаҳрвандони азиз!
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, бахусус фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, аз 2 июли соли 2021, №1802 мавриди амал қарор дорад.
Баргузории ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 декабри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ”-ро дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар 5-умин Саммити Иқтисодии Истанбул
Санаи 10 декабри соли 2021 бо мақсади иштирок дар 5-умин Саммити Иқтисодии Истанбул Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ба шаҳри Истанбули Туркия сафарбар шуд.