
Машварати корӣ
19 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазир, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, машварати корӣ доир карданд.
Иштирок дар Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Алоқамандии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо”
16 июли соли 2021 дар шаҳри Тошканд Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: алоқамандии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” баргузор гардид.
Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин, бо иштироки Мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Муллоев Маҳаммадӣ Ҷӯраевич, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.