Масъалаҳо вобаста ба фаъолияти терминалҳои сарҳадӣ

.

Рӯзи 18 октябри соли 2019 ҷаласаи ҳаштуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки онро Вазири рушди иқтисод ва савдо, Раиси кумита роҳбарӣ намуд.

Мулоқоти Гулрӯ Ҷабборзода бо Доннет Уолтон

.

Санаи 17 октябри соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, Гулрӯ Ҷабборзода бо миссияи Бонки Осиёгии Рушд (БОР) таҳти роҳбарии Доннет Уолтон - Директори департаменти муҳити зист, захираҳои табиӣ ва кишоварзӣ дар Осиёи марказӣ ва ғарбии БОР, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.

Мулоқот бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии кишвар

.

17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти зарурӣ дар пойгоҳи таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии кишвар мулоқот карданд.