Иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 таҳти унвони ”Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ”
Имрӯз, 15 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди ҷашни “Рӯзи соҳибкорон” таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор гардид.