Вохӯрии Гулрӯ Ҷабборзода бо Сана Ага ал-Нимер

.

3 майи соли ҷорӣ вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, ки таҳти роҳбарии хонум Сана Ага ал-Нимер бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Ҷоизасупории ғолибони мусобиқаи футбол дар Вазорат

.

Ба ифтихори эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон», инчунин дар арафаи таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ибтикори Роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, минҷумла футбол миёни воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Вазорат доир карда шуд.

Тақвияти ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Олмон

.

28 апрели соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи Барномаи рушди низоми молиявӣ дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи маблағгузории манзил маросими имзои Созишнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон ба маблағи 7 миллион евро, инчунин оид ба оғози фазаи дуюми Барномаи маблағгузории манзил баргузор гардид.