Муаррифии Ҳисоботи ихтиёрии миллии Тоҷикистон зимни Форуми сиёсии сатҳи баланд, соли 2017
19 июли соли 2017 дар қароргоҳи СММ дар ш. Ню-Йорк зимни ҷаласаи Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF-2017) муаррифии Ҳисоботи ихтиёрии миллии Тоҷикистон оид ба татбиқи Рӯзномаи 2030 баргузор гардид. Ҳисоботи мазкур таҳти унвони “Баланд бардоштани некуаҳволӣ тариқи ҳамгироии ҳадафҳои рушди устувор ба сиёсати миллии рушди Тоҷикистон”, аз ҷониби роҳбари ҳайати кишвар дар HLPF – Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ироа карда шуд.