Ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи корӣ

.

8-уми октябри соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода сурат гирифт. 

Имзои созишномаҳои грантӣ

.

Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон мувофиқашуда, ки соли 2014 дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир гардида буданд, имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) барои сохтмони манзил (марҳилаи дуюм) ба маблағи 8,0 млн. евро ва Шартномаи иловагӣ ба Созишномаи молиявӣ ҷиҳати барномаи мубориза алайҳи бемории сил (марҳилаи чорум) ба маблағи 213,4 ҳаз. евро баргузор гардид.