Суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»

.

Муҳтарам бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»!
Ҳозирини гиромӣ!

Аз мулоқоти охирини мову шумо дар ин арсаи заҳмату шуҷоат зиёда аз якуним сол сипарӣ гардид.

Дар ин муддат аз заҳмати содиқонаи шумо тавассути ҳисоботу маълумоте, ки ба ман мерасад, доим бохабар ҳастам ва дар ҷараёни боздиди навбатӣ бори дигар аз матонату диловарӣ ва саҳми ҳар як сохтмончӣ дар суръат бахшидани корҳо ва таъмин намудани сифати баланди онҳо шоҳид гардидам.

Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2022

.

 

 

 

 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои

ҶумҳурииТоҷикистон

ПРЕСС – РЕЛИЗ

Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти 

вазорат дар нимсолаи якуми соли 2022

Таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 нишон медиҳад, ки таъсири омилҳои берунӣ, бахусус буҳронҳои глобалии иқтисодию энергетикӣ ва озуқаворӣ ба баъзе соҳаҳои иқтисоди миллӣ эҳсос мегардад. Аз ҷумла рушди иқтисоди кишвар ҳарчанд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардида бошад ҳам, суръати он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ коҳиш ёфт.

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин, бо иштироки муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар шаш моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.