Завқизода Завқӣ Амин
| 
 Санаи таваллуд: 17 майи соли 1972  | 
 Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Ҳамадонӣ  | 
| 
 Маълумот: Олӣ  | 
 Хатмкардаи:  | 
| 
 Ихтисос: Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, иқтисоддон  | 
 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ш.Душанбе: 1995 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ (бо дипломи аъло) Донишгоҳи миллии Австралия, ш. Канберра: 2001 – Магистри рушди иқтисодӣ Донишгоҳи миллии Австралия, ш. Канберра: 2006 – Доктори илмҳои иқтисодӣ  | 
| 
 Кадом забонҳои хориҷиро медонад: Тоҷикӣ – модарӣ, Русӣ – озод, Англисӣ – озод.  | 
 Кадом мукофоти давлатӣ дорад: Бо медали «Хизмати шоиста» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2016, №723 ва Ифтихорномаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2017 сарфароз гардонида шудааст.  | 
Собиқаи корӣ:
| 
 1990 – 1995  | 
 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  | 
| 
 1995 – 1996  | 
 Иқтисодчии дараҷаи якуми шуъбаи методологияи Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон  | 
| 
 1996 – 1997  | 
 Иқтисодчии дараҷаи якуми шуъбаи таҳлил ва пешбинии иқтисодии Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон  | 
| 
 1997 – 1998  | 
 Сариқтисодчии шуъбаи қарздиҳии Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон  | 
| 
 1998 – 2002  | 
 Сардори Шуъбаи қарздиҳии Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон  | 
| 
 2003 – 2006  | 
 Докторант ва муаллими фанҳои макроиқтисодӣ ва молияи Донишгоҳи миллии Австралия  | 
| 
 2006 – 2007  | 
 Муовини Сардори Идораи амалиёти бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон  | 
| 
 2007 – 2011  | 
 Мушовири Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор – Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои мазкур  | 
| 
 2011 – 2014  | 
 Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  | 
| 
 2014 – 2017  | 
 Мушовири калони бахши Ёрдамчиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ  | 
| 
 2017 – 2020  | 
 Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  | 
| 
 2020 – то ҳол  | 
 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  | 
                                            
                                            
                                            





